
Қалби пок аз фиребу ҳасад - Забони Тоҷикӣ
مخموم القلب Қалби пок аз фиребу ҳасад Аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки кадом мардум афзалтаранд? Фармуданд: “Онҳое, ки забони ростгӯ ва қалби пок доранд”. Пас ҳар кори неке, ки қалби пок мекунад, ба худи он ва ё ба аҳлаш боз мегардад. Қалби пок дӯст дорад, ки ҳама мусалмонон низ ба некиҳо...
Қалби пок аз фиребу ҳасад - Забони Тоҷикӣ
مخموم القلب
Қалби пок аз фиребу ҳасад
Аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки кадом мардум афзалтаранд? Фармуданд: “Онҳое, ки забони ростгӯ ва қалби пок доранд”. Пас ҳар кори неке, ки қалби пок мекунад, ба худи он ва ё ба аҳлаш боз мегардад. Қалби пок дӯст дорад, ки ҳама мусалмонон низ ба некиҳо дучор гарданд ва ҳар бадиро бад мебинад ва намеҳоҳад, ки дигарон низ гирифтори он шаванд, агарчи он кори динӣ бошад ва ё дунявӣ. Шахси диндор қалби мулоим дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъмин бародари муъмин аст. Моли ӯро ҳифз карда зойеъ намегардонад ва дар набудани ӯ ҳама роҳҳои бародариро ҳифз мекунад”.
Мусалмон ба касе зулм, таҳқир, кина, ғайбат, фиреб ва айб намекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон бародари мусалмон аст, зулм намекунад, паст намешуморад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати бародараш бошад, Аллоҳ дар баровардани ҳоҷати ӯст. Оне, ки аз мусалмоне як ғаму андӯҳро дур гардонад, Аллоҳ ғаму андӯҳи рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад. Оне, ки айби як мусалмонро мепӯшонад, Аллоҳ айби ӯро дар рӯзи қиёмат мепӯшонад”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٤_١٣-١٧-٤٥.jpg | Download |

Қалби пок аз фиребу ҳасад - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device