
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН - Забони Тоҷикӣ
خُلق الصمت ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН Паёмбар ﷺ фармуданд:“Касе, ки хомӯш аст, аз офати забон ва гуноҳ наҷот ёфтааст”. Тирмизӣ. Ҳар касе, ки хулқи хомӯширо ихтиёр кардааст аз ҳама ҷиҳат ба ҳар хайр комёб шуда аз зиёну осеби ду дунё наҷот ёфтааст. Хомӯшӣ нишонаи бартариву доноӣ ва самараи...
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН - Забони Тоҷикӣ
خُلق الصمت
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Касе, ки хомӯш аст, аз офати забон ва гуноҳ наҷот ёфтааст”. Тирмизӣ. Ҳар касе, ки хулқи хомӯширо ихтиёр кардааст аз ҳама ҷиҳат ба ҳар хайр комёб шуда аз зиёну осеби ду дунё наҷот ёфтааст. Хомӯшӣ нишонаи бартариву доноӣ ва самараи ақл аст, ки либоси бурдборӣ ва тамкинро ба ту бипӯшонад. Хомӯшӣ ҳамеша ситоишшудааст, магар дар кори хайр, зикр, амр ба маъруф, наҳй аз мункар. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: “Оне, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад”. Бухорӣ.
Он чизҳое, ки ба хомӯшӣ тааллуқ дорад:
1.Фикр кардан ба сухани ботиле, ки оқибати бад дорад. 2.Хондани тарҷумаи ҳоли мардони солеҳ ва пайрав шудан ба онҳо, ки оё онҳо забондарозу пургӯй буданд ва ё хомӯш. 3.Дур шудан аз маҷлису нишастҳое, ки дар он ҳақорату фаҳш ва дурӯғ аст. 4.Хомӯш истода гӯш кардан ва пеш аз як суханро ба забон овардан, аввал фикр карда баъд сухан кардан. Абудардо (разияллоҳу анҳу) гуфт:“Хомӯш истоданро таълим гирифтам, ҳамчуноне ки сухан гуфтанро таълим гирифта будам. Зеро хомӯш истодан нармӣ ва некии бузург аст. Пас ҳамеша саъй бикун, то ба сухани дигарон гӯш андозӣ, на ин ки аввал шуда сухан бикунӣ, ҳар сухане ки ба ту фоидае надорад”. Фоидаҳои хомӯшӣ: 1.Исломи зебо ва комилии имон. 2.Қатъ шудани бисёр ҷангу ихтилофҳо. 3.Ноил шудан ба муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардум. 4.Пайдо кардани вақт барои зикр ва ибодат. 5. Солим мондан аз ҳисоби рӯзи қиёмат.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٣-١١_٠١-٠٧-٣٠.jpg | Download |

ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device