
КИБР АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ АСТ
КИБР АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ АСТ Худро таъриф кардан, танҳо фикри ман дуруст гуфтан, гӯрехтан аз насиҳат, мардумро паст шуморида ба тарафи онҳо дод задан, ҳамаи инҳо бемориҳое аст, ки ба нафси инсон хатар дорад. Инсонро ба хасорату ҳалокат дучор мекунад, ки он кибру ғурур аст. Кибр мардуми...
КИБР АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ АСТ
КИБР АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ АСТ
Худро таъриф кардан, танҳо фикри ман дуруст гуфтан, гӯрехтан аз насиҳат, мардумро паст шуморида ба тарафи онҳо дод задан, ҳамаи инҳо бемориҳое аст, ки ба нафси инсон хатар дорад. Инсонро ба хасорату ҳалокат дучор мекунад, ки он кибру ғурур аст. Кибр мардуми зиёдеро аз ҳақ дур карда роҳро барояшон бастааст. Муҳимтарин сабаби кибру ғурур, ин нашинохтани Аллоҳ таъоло ва надонистани қадри Ӯ таъоло ва камии илм дар бораи Асмо ва сифоти Аллоҳ аст. Ҳақиқати нафсро нашинохтан ва айбу табиати онро надонистан, шукри неъматҳо накарда гуноҳонро фаромӯш кардан ва фахр кардан бо насаб, бо вазифа ва бо бисёрии молу мулк ва таъриф кардани мардум пеш аз камолоти илмӣ. Бинобарин тамкин гирифтани кибру ғурур ба нафси инсон зарарҳост:
1.Маҳрум шудан аз тавфиқ ва ҳидоят. Зеро ҳидоят қалби инсонро ислоҳ карда дар он саъйу кӯшишро пайдо мекунад. Анкабут:69. 2.Танбалӣ ва сустӣ дар коре, ки инсонро ба гумон меорад, ки гуё охири кораш аст. 3.Гирифтор шудан ба бемориҳои қалб. 4.Гурехтани мардум аз шахси мутакаббир ва бад дидани ҳамон шахс. Тағйир ёфтани инсон дар ҳолати сахтиҳо, ки шахси кибрдор дар ин вақт аз таърифи худ боз меистад. Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу гуфт: “Тарс аз Парвардигор илме аст, ки он басанда аст ва фиреби Аллоҳ ҷаҳле аст, ки он басанда аст”. Луқмони Ҳаким ба фарзандаш гуфт: “Ва рухсораи худро аз мардум матоб. Ва дар замин бо нозу болида роҳ марав. Ба дурусти, ки Аллоҳ ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорад”. Луқмон:18.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-04_10-43-02.jpg | Download |

КИБР АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device