
ЧИ ТАВР НАМОЗ ХОНЕМ
Дӯстони ман, албатта аз шукри неъмати Аллоҳ ин аст, ки мо бояд Ӯро бо беҳтарин амалҳое, ки онро дӯст медорад, ибодат намоем. Ва як аз он ибодатҳо намоз аст. Пас оё медонед, ки чи тавр намозро адо намоем? Пеш аз намоз мо бояд худро ба баъзе корҳо тайёр намоем, ба мисли: Таҳорат кардан,...
ЧИ ТАВР НАМОЗ ХОНЕМ
Дӯстони ман, албатта аз шукри неъмати Аллоҳ ин аст, ки мо бояд Ӯро бо беҳтарин амалҳое, ки онро дӯст медорад, ибодат намоем. Ва як аз он ибодатҳо намоз аст. Пас оё медонед, ки чи тавр намозро адо намоем? Пеш аз намоз мо бояд худро ба баъзе корҳо тайёр намоем, ба мисли: Таҳорат кардан, пӯшидани либоси тоза, ихтиёри ҷойи пок ва рӯ овардан ба сӯйи қибла. Пас бо қалби худ нияти намоз намоем. Ду дастро ба баробари гӯшҳо баланд кунем ва “Аллоҳу акбар” гуфта такбир бигӯем. Ва дасти ростро болои дасти чап гузошта ба болои шикам гузорем. Дуои истифтоҳ ва сураи Фотиҳаро хонем. Ва ояте аз Қуръон хонда пас “Аллоҳу акбар” гуфта ба рукуъ равем. Ва дар рукуъ се бор “Субҳона раббиял аъзим” бигӯем. Пас қоматро рост карда ором гирем. Ва “Самияллоҳу лиман ҳамида” ва “Аллоҳу акбар” гуфта ба саҷда равем. Дар саҷда се бор “Субҳона раббиял аъло” гуфта, дар байни ду саҷда ин дуоро хонем; “Раббиғфирли, варҳамнӣ, ваҳдинӣ ва офинӣ”. Пас ба саҷдаи дуввум рафта дуои онро хонем. Баъди он ба ракати дуввум рост шавем. Ва ракати дуввумро ба мисли ракати яккум адо намоем. Ва баъди саҷдаи дуввум нишаста Аттаҳиёт ва салавотро хонем ва ба тарафи дасти рост ва чап салом бидиҳем. Ва агар намоз се ракат бошад, баъди хондани Аттаҳиёт ба ракати севвум рост шавем. Ва як ракати дигар хонда баъд салом бидиҳем. Ва мо барои ракати чаҳорум низ рост мешавем, агар намоз ба мисли намози хуфтан чаҳор ракат бошад. Ҳамин тавр мо намозро комил ба охир мерасонем. Аз Аллоҳ таъоло мехоҳем, ки амалҳои моро қабули даргоҳи Худ гардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-40-08.jpg | Download |

ЧИ ТАВР НАМОЗ ХОНЕМ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device