
ШИКАНАНДАҲОИ РӮЗА
Рӯза ин ибодати Аллоҳ таъоло ва дурӣ аз таъом ва шароб ва ҷимоъ аз тулӯъи фаҷри содиқ то ғуруби офтоб аст. Ба ҳар мусалмон воҷиб аст, ки худро аз шиканандаҳои рӯза нигаҳ дорад: 1.Хӯрдан ва нӯшидан ва он чизҳое, ки ба ҳамин маъно аст ва бадан аз он ғизо мегирад. 2. Сӯзандорӯе, ки он...
ШИКАНАНДАҲОИ РӮЗА
Рӯза ин ибодати Аллоҳ таъоло ва дурӣ аз таъом ва шароб ва ҷимоъ аз тулӯъи фаҷри содиқ то ғуруби офтоб аст. Ба ҳар мусалмон воҷиб аст, ки худро аз шиканандаҳои рӯза нигаҳ дорад:
1.Хӯрдан ва нӯшидан ва он чизҳое, ки ба ҳамин маъно аст ва бадан аз он ғизо мегирад. 2. Сӯзандорӯе, ки он ба бадани инсон ғизо мешавад. 3. Хун гирифтан ва ё нақли он ба шахси дигар. 4. Ҷимоъ ва инзоли манӣ дар хоб ва ё бо хоҳиши худ. Аммо дар хоб эҳтилом шудан бо иҷмоъи уламо аз шиканандаҳои рӯза нест. Ва ба мисли он, бо қавли роҷеҳ мазӣ низ рӯзаро ботил намекунад. 5. Дониста қай кардан рӯзаро мешиканад, вале агар он бе хоҳиши шумо ояд, рӯзаи шумо дуруст аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Касе, ки қай кардан бар ӯ ғалаба кард, бар вай қазое нест. Аммо шахсе, ки худ дониста қай мекунад, бояд қазои он рӯзаро бидорад”. Абудовуд ва Тирмизӣ. 6. Ҳиҷома ва хун додан аз шиканандаҳои рӯза аст. 7. Шахсе, ки ба хун додан муҳтоҷ аст, пас агар ифтор кард, қазои онро бидорад. 8. Ба иҷмоъи уламо хуни ҳайзу нифос дар ҳама рӯзҳои Рамазон аз шиканандаҳои рӯза аст. Ҳатто ин, ки омадани он чанд дақиқае пеш аз ғуруби офтоб бошад. 9. Шиканандаҳои рӯзаро аз рӯйи надонистани ҳукми он ва ё аз рӯйи фаромӯшӣ ва ё маҷбур кардани шахси дигар бихӯрад, пас рӯзаи ӯ дуруст аст. Албатта барои рӯза фарзҳо ва ҳудудҳоест, ки ҳифзи он бар мо воҷиб аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ин манҳиёти Аллоҳ аст, пас ба онҳо наздик машавед. Аллоҳ ҳамчунон оятҳои Худро барои мардумон баён мекунад, бошад ки парҳезгорӣ кунанд”. Бақара:187.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-36-10.jpg | Download |

ШИКАНАНДАҲОИ РӮЗА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device