АЗ САБАБҲОИ РАҲМАТИ ПАРВАРДИГОР

FileAction
photo_2024-02-28_16-05-27.jpgDownload

من موجبات رحمة الله
АЗ САБАБҲОИ РАҲМАТИ ПАРВАРДИГОР
Ҳама халқ ба раҳмати Аллоҳ муҳтоҷ ҳастанд. Пас агар раҳмати Аллоҳро мехоҳӣ, сабабҳои онро бигир ва ба амрҳояш амал бикун:
1.Имон ба Аллоҳ; “Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас моро биомурз ва бар мо бибахшоӣ ва Ту беҳтарин Бахшояндагонӣ”. Муъминун:102.
2.Эҳсон дар ибодат; “Аллоҳро чунин ибодат бикун, ки гуё Ӯро мебинӣ, пас агар Ӯро намебинӣ, албатта Ӯ туро мебинад”. Бухорӣ ва Муслим.
3.Эҳсон ба халқ ва раҳм кардан ба инсону ҳайвонот; “Ба дурусти ки Раҳмати Парвардигор ба некӯкорон наздик аст”. Аъроф:56.
4.Тақво ва худотарсие, ки байни худ ва байни азоби Парвардигор виқоя бигирӣ; “Итоати Аллоҳ ва Расул бикунед, шояд ба шумо раҳм карда шавад”. Оли Имрон:132.
5.Пайравӣ ба Қуръон ва амал бар он ва гӯш кардани он; “Ва чун хонда шавад, пас ба сӯйи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо раҳм ва меҳрубонӣ карда шавад”. Аъроф:204.
6.Сабр бар тоат ва сабр аз маъсият ва сабр ба тақдири Илоҳӣ; “Ба ин гурӯҳ аз Парвардигорашон дурудҳо ва бахшоиш аст ва онҳо роҳёфтагонанд”. Бақара:157. 7.Тавбаи содиқона ҳамроҳ бо ислоҳ шудан. 8. Дар роҳи Аллоҳ нафақа кардан.
Аллоҳ фармуд: “Ва бигӯ, эй Парвардигори ман, биомурзу бибахшой ва Ту беҳтарини Бахшояндагонӣ”. Муъминун:118.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ