
МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
ضوابط اللباس МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС Дини Ислом ташвиқ ба зинат ва зебоӣ мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати худро бигиред”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло дӯст медорад, ки асари неъматашро дар бандааш бубинад”. Бухорӣ. Дар зинати...
МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
ضوابط اللباس
МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
Дини Ислом ташвиқ ба зинат ва зебоӣ мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати худро бигиред”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло дӯст медорад, ки асари неъматашро дар бандааш бубинад”. Бухорӣ. Дар зинати либоспӯшӣ маҳдудиятҳо аст:
1.Либоси занон набояд ба либоси мардон монанд бошад: “Аллоҳ лаънат кард он мардҳоеро, ки ба занон ва он заноне, ки ба мардон монандӣ мекунанд”. Аҳмад.
2.Ба либоси кофирон ва фосиқон монанд бошад: “Он шахсе, ки ба як қавме монанд мешавад, пас он аз ҷумлаи онҳост”. Абудовуд.
3.Либосе, ки машҳур бошад: “Шахсе, ки дар ин дунё либоси шӯҳратёфтаро мепӯшад, Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ба ӯ либоси хоркунанда пӯшонда ба дӯзах мепартояд”. Ибни Моҷа. Мақсад аз либоси шӯҳратёфта, яъне байни мардум машҳӯр бошад. Агарчанде он либос қимату фахркунанда ва ё оддиву хоксор ва ё барои худнамоӣ бошад.
4.Либосе, ки дар он исроф бошад: “Бихӯред ва биошомед ва исроф накунед, ба дурустӣ ки Аллоҳ исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Аъроф:31.
5.Либоси ҳаромгардида бошад; Ба мисли либосе, ки сурати чизҳои ҷондор дорад ва ё салиб ё ситораи яҳӯд ва ё либоси тангу тунук ва кутоҳ бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-02-28_16-05-21.jpg | Download |

МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device