
АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН
أحكام صلاة المرأة АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН Намоз сутуни Дин аст ва муҳимтарин аркони Ислом баъди шаҳодатайн аст. Намоз аввалин чизе аст, ки дар рӯзи қиёмат аз банда пурсида мешавад. Барои намози зан ҳукмҳо ва шартҳои хос аст, ки он аз намози мардон фарқ мекунад: 1.Воҷиб аст, ки зан аз...
АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН
أحكام صلاة المرأة
АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН
Намоз сутуни Дин аст ва муҳимтарин аркони Ислом баъди шаҳодатайн аст. Намоз аввалин чизе аст, ки дар рӯзи қиёмат аз банда пурсида мешавад. Барои намози зан ҳукмҳо ва шартҳои хос аст, ки он аз намози мардон фарқ мекунад:
1.Воҷиб аст, ки зан аз ҳайзу нифос пок бошад. “Паёмбар ﷺ ба Фотима бинти Абуҳубайш фармуданд: “Агар ҳайз дидӣ, намозатро тарк бикун”. Бухорӣ.
2.Воҷиб аст, ки зан дар вақти намоз тамоми баданашро бипӯшонад, ба ғайр аз рӯй ва ду кафи даст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Намози ҳайздида қабул нест, магар бо чодар”. Абудовуд.
3.Намози ҷамоъат барои занон воҷиб нест, лекин ҷоиз аст, ки ба ҷамоъати масҷид ҳозир шаванд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар занони шумо иҷозати масҷид рафтанро пурсанд, пас ба онҳо иҷозат бидиҳед”. Муслим.
4.Сафи занон дар масҷидҳо дар оқиби сафи мардон аст.
5.Ҷоиз аст, ки зан ба ҷамоъати занон имом шавад. “Паёмбар ﷺ ба Варақа бинти Навфал разияллоҳу анҳо амр карданд, ки дар хона ба аҳлаш имом бошад”. Абудовуд. Ва агар зане ба занони дигар имом шавад, пас ӯ дар мобайни онҳо бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-02-28_16-05-33.jpg | Download |

АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device