
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
حقوق الزوجة ҲУҚУҚИ ҲАМСАР Дар шариъати поки мо дида мешавад, ки зан барои мо духтар, модар ва хоҳар ато мекунад. Ва дини Ислом чанд адад аз ҳуқуқҳое, ки он бояд ҳифз карда шавад, кафолат медиҳад. Аз ҷумлаи он ҳуқуқҳо, нафақаи ҳамсар аст. Ва ба шавҳар воҷиб аст, ки ҳамсари худро аз...
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
حقوق الزوجة
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
Дар шариъати поки мо дида мешавад, ки зан барои мо духтар, модар ва хоҳар ато мекунад. Ва дини Ислом чанд адад аз ҳуқуқҳое, ки он бояд ҳифз карда шавад, кафолат медиҳад. Аз ҷумлаи он ҳуқуқҳо, нафақаи ҳамсар аст. Ва ба шавҳар воҷиб аст, ки ҳамсари худро аз хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо таъмин кунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ва ҳаққи он бар шумо ин аст, ки ононро ба хубӣ ва ба андозаи тавоноии худ, хӯрок ва либос бидиҳед”. Муслим.
Дар ҳаққи либос Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар уҳдаи падар аст”. Бақара:233. Инчунин ба шавҳар воҷиб аст, ки ба хонаи истиқоматӣ ӯро таъмин кунад. Аллоҳ фармуд: “Дар он ҷое, ки шумо сукунат доред, ба қадри тоқататон сокин кунед”. Талоқ:6. Инчунин бо ҳамсари худ муомилаи хуб дошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Беҳтарин шумо касе аст, ки бо аҳлаш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман нисбат ба аҳлам беҳтарини шумо ҳастам”.
Инчунин аз ҳуқуқи онҳо, адолат дар байни занон; Адл дар хона, адл дар нафақа, адл дар либос ва адл дар ҷойи зист. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва фақат ба яке аз онҳо рӯ биёварад, дар рӯзи қиёмат дар ҳолате ба маҳшаргоҳ меояд, ки нисфи баданаш хамида (каҷ ва моилшуда) ба як сӯ аст”. Ибни Моҷа, Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device