
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
شروط و سنن عقد النكاح ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ Модоме, ки издивоҷ байни зан ва шавҳар маҳкамтарин аҳд аст, Паёмбарﷺ бо ин аҳд шартҳоро гузоштанд, то мо онро гирифта ҳақҳоро адо намоем. Аз шартҳои ақди никоҳ: 1.Ихтиёри зану шавҳар: Пас барои мо ҷоиз нест, ки ба шахсе бигӯем,...
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
شروط و سنن عقد النكاح
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
Модоме, ки издивоҷ байни зан ва шавҳар маҳкамтарин аҳд аст, Паёмбарﷺ бо ин аҳд шартҳоро гузоштанд, то мо онро гирифта ҳақҳоро адо намоем. Аз шартҳои ақди никоҳ: 1.Ихтиёри зану шавҳар: Пас барои мо ҷоиз нест, ки ба шахсе бигӯем, ки “яке аз духтаронамро ба ту бахшидам”. 2. Розигии зану шавҳар: Пас ҷоиз нест, ки яке аз онҳо розӣ нашудавад ва инкор бикунад. 3.Валӣ: Пас никоҳ бевалӣ дуруст нест. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳ нест, магар бо валӣ”. Абудовуд. Ва чизе монеъи издивоҷи зану шавҳар намегардад, магар гуногунии дини онҳо ва ё дар идда будани зан ва ғайраҳо. 4.Шоҳид гирифтан: Пас ақди никоҳ беҳузури шоҳидон дуруст нест, зеро он ба насаби ояндаи фарзандони онҳо тааллуқ дорад. 5.Эълони никоҳ: Пас эълони ақди никоҳ суннат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳро эълон бикунед”. Аҳмад.
Албатта пайравӣ ба суннатҳои Паёмбар ﷺ баракат аст. Аз суннатҳо ақди никоҳ: 1.Хондани хутба дар вақти ақди никоҳ. 2. Дуо кардан дар ҳаққи домод ва арӯс: “Аллоҳ ин издивоҷро бароят муборак гардонад ва бар ту дар он баракат диҳад ва шуморо ба хайр ҷамъ оварад”. Абудовуд. 3.Дуо дар вақти духул: “Бор Илоҳо, аз Ту хайри ӯро мехоҳам ва аз шарри ӯ ва шарри ончи дар вай аст, паноҳ мебарам”. Ибни Моҷа. “Ба номи Аллоҳ, бор Илоҳо! Шайтонро аз мо ва аз ончи ба мо неъмат додаӣ, дур бигардон”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device