
ОДОБИ БАРОДАР БО БАРОДАРОНИ ХУД
Аз раҳмати Парвардигор ба инсон ин аст, ки ба ӯ чанд аз бародаронро насиб мегардонад.Ва бародари калониашро эҳтиром бикунад, чуноне ки падарашро эҳтиром мекард. Ҳама корашро аз ӯ маслиҳат бипурсад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Албатта бахше аз бузург доштани Парвардигор, ин эҳтироми...
ОДОБИ БАРОДАР БО БАРОДАРОНИ ХУД
Аз раҳмати Парвардигор ба инсон ин аст, ки ба ӯ чанд аз бародаронро насиб мегардонад.Ва бародари калониашро эҳтиром бикунад, чуноне ки падарашро эҳтиром мекард. Ҳама корашро аз ӯ маслиҳат бипурсад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Албатта бахше аз бузург доштани Парвардигор, ин эҳтироми шахси мусалмоне аст, ки калонсол бошад”. Ва ба бародари хурдӣ меҳрубон бошанд, Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз мо нест, оне ки хурдсолони моро раҳм намекунад ва калонсолонамонро ҳурмат намекунад”. Тирмизӣ. Бародари калонӣ бояд дар тарбияи бародаронаш ба падар ёрӣ диҳад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар нафақа кардан аз аҳлат ва касоне, ки сарпарастии онҳоро ба уҳда дорӣ шурӯъ бикун, аз модарат, падарат, хоҳарат, бародарат ва сипас бо тартиб ва ҳар касе, ки дар хешовандӣ ба ту наздиктар аст”. Насоӣ. Бародарон бо ҳамдигар баҳсу ҷидол накунанд ва дар байнашон якдигарфаҳмӣ бошад. Дар тақсими мерос ҳаққи онҳо поймол нагардад. Агар хато карданд, ба мисли Юсуф алайҳис салом якдигарро бубахшанд. Ва ба мисли Мусо алайҳис салом дар ҳаққи бародари худ дуо бикунанд. Якдигарро дифоъ карда, ёрӣ бидиҳанд. Агар яке аз онҳо золим бошад, пас ӯро аз зулм боздоранд.

ОДОБИ БАРОДАР БО БАРОДАРОНИ ХУД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device