
ГАРМИИ ТОБИСТОН
ГАРМИИ ТОБИСТОН Рӯзҳои офтобӣ, ҳавои гарм, арақи бисёр, мардум дар фасли тобистон ҳамин гуна шикоятҳо мекунанд. Лекин шахси имондор аз ин гармии тобистон ибрат мегиранд ва мегӯянд, ки гармии офтоб далел ба қудрати Аллоҳ ва ягонагии ӯ мекунад. Аллоҳ фармуд: “Ва офтоб ба роҳе...
ГАРМИИ ТОБИСТОН
ГАРМИИ ТОБИСТОН
Рӯзҳои офтобӣ, ҳавои гарм, арақи бисёр, мардум дар фасли тобистон ҳамин гуна шикоятҳо мекунанд. Лекин шахси имондор аз ин гармии тобистон ибрат мегиранд ва мегӯянд, ки гармии офтоб далел ба қудрати Аллоҳ ва ягонагии ӯ мекунад. Аллоҳ фармуд: “Ва офтоб ба роҳе меравад, ки қароргоҳи вай аст, ин ба тақдири Аллоҳи Ғолибу Доност”. Ёсин 38.
Ва шахси муъмин дар гармии офтоб оташи дӯзахро ба ёд меорад. Ва ҳар гармӣ ва оташ моро дар ин дунё бояд ба ёди оташи охират барад, то инсон барои наҷот ёфтан аз он ба амали солеҳ кардан саъйу кушиш бикунад. Аллоҳ аз оташи дунё хабар дода чунин фармуд: “Мо он дарахтро панде ва барои мусофирон манфиате сохтем”. Воқеъа 73.
Шахси муъминро гармии ҳаво аз адои воҷиботи шаръӣ манъ намекунад. Тарки воҷибот барои гарм будани ҳаво аз сифоти мунофиқон аст. Инсон дар гармии ҳаво неъматҳои Аллоҳро ба ёд орад: “Ва агар Аллоҳро мепарастед, бар неъмати Ӯ шукр кунед”. Наҳл 124. Шахси муъмин гармии дигаронро низ ҳис мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар шахсе, ки ғаму андӯҳи як мусалмонро бароварда мегардонад, Аллоҳ таъоло ғаму андӯҳи ӯро дар рӯзи қиёмат бароварда мегардонад”. Бухорӣ ва Муслим.
File | Action |
---|---|
5944793410286239908_121.jpg | Download |

ГАРМИИ ТОБИСТОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device