
ХОНАҲО СИР ДОРАНД
ХОНАҲО СИР ДОРАНД Аз неъматҳои Парвардигор ин хона аст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Ва дар ҳар хона сирҳоест, ки кушодани он ҷоиз нест. Ва он амонатест, аз амонатҳост. Зеро Аллоҳ дар сураи Таҳрим ояти 3, баъзе модари муъминонро итоб кард, то сирри хонаро накушояд. Ва аз бузургтарин...
ХОНАҲО СИР ДОРАНД
ХОНАҲО СИР ДОРАНД
Аз неъматҳои Парвардигор ин хона аст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Ва дар ҳар хона сирҳоест, ки кушодани он ҷоиз нест. Ва он амонатест, аз амонатҳост. Зеро Аллоҳ дар сураи Таҳрим ояти 3, баъзе модари муъминонро итоб кард, то сирри хонаро накушояд. Ва аз бузургтарин сирҳо, алоқаи байни зану шавҳар, ки ифшои он ба ҳардуи онҳо ҳаром аст: “Пас занони некӯкор фармонбардоранд ва дар набудани шавҳар ончиро нигоҳдорандаанд, ки Аллоҳ онро нигоҳ доштааст”. (Нисо 34).
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар рӯзи қиёмат бадтарин ҷойгоҳ дар назди Аллоҳ аз они он марде аст, ки бо ҳамсараш ҳамбистар мешавад ва онгоҳ сирри ҳамсарашро фош мекунад”. Муслим.
Фош кардани сирри хона ҷоиз нест, агарчи бо хурсандиву илҳом ба шумо гуфта бошанд. Зеро фош кардани сирри хона, навъе аз хиёнатҳост, магар мушкилие, ки онро касе ҳал карда наметавонад, ба ҷуз шахси бо ҳикмат. Ва мо аз сурат гирифтани баъзе хонаҳо ва нашри он барҳазар бошем, зеро ин амали мо зарари бузург дорад. Ва бар мо воҷиб аст, ки мушкилоти хонаро дар дохили девори ҳамон хона ҳал бикунем, зеро агар он фош гардад, он зиёд ва бузург шавад. Ва агар зану шавҳар бо ҳам баҳсу ҷанҷол карданд, метавонанд аз ҳарду тараф ду нафарро, ки аз аҳли ҳикмат ҳастанд, ба ҷанҷоли худ ҳамроҳ кунанд.
File | Action |
---|---|
5942977687092051826_121.jpg | Download |

ХОНАҲО СИР ДОРАНД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device