
Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло
Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло Албатта ҳамаи шумо мехоҳед, ки аз аҳли Фирдавсул аъло бошед. Пас бароятон ҳафт сифати онҳоро зикр мекунам: 1. Имон овардан ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 2. Хушӯъ дар намоз: Яъне, намозро бо оромӣ ба охир расондан ва ба монанди Паёмбар...
Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло
Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло
Албатта ҳамаи шумо мехоҳед, ки аз аҳли Фирдавсул аъло бошед. Пас бароятон ҳафт сифати онҳоро зикр мекунам:
1. Имон овардан ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
2. Хушӯъ дар намоз: Яъне, намозро бо оромӣ ба охир расондан ва ба монанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам намоз гузоридан аст.
3. Худдорӣ аз суханҳои беҳудае, ки фоидае надорад.
4. Адои закоти мол.
5. Ҳифзи фарҷ: Яъне, огоҳ бошед, ки фарҷатон шуморо аз дохили шудан ба Фирдавсул аъло боз надорад.
6. Адои амонат: Яъне, ҳама чиз барои ту амонат аст, дарс хонданат, васияте, ки шунидӣ ва моле, ки гирифтӣ ва ғайраҳо. Пас ба амонатҳо хиёнат макун.
7. Намозро дар вақташ адо намудан: Намози Бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтан.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Ба дурустӣ ки мӯъминон растагор шуданд. Ҳамонҳое, ки дар намози хеш ниёишкунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки аз беҳуда рӯйгардонанд. Ва ҳамон касоне, ки адокунандаи закотанд. Ва ҳамон касоне, ки шармгоҳи худро нигоҳдорандаанд, магар бар занони хеш, ё канизаконе, ки милки дасти онҳо аст. Пас, ба дурустӣ ки инон накӯҳида нестанд. Пас, ҳар ки ғайри инро талаб кунад, он ҷамоа аз ҳад гузарандаанд. Ва ҳамонҳое, ки амонатҳои худ ва аҳди худро риояткунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки бар намозҳои худ муҳофизаткунандаанд. Ин ҷамоа он ворисонеанд, ки Фирдавсро ба мерос баранд. Онҳо он ҷо бошандаи ҷовиданд».
Мӯъминун: 1-11.
File | Action |
---|---|
5908899024268804311_121.jpg | Download |

Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device