
الصوم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ Барои чи рӯза фарз гардид? Фоидаҳои рӯза чист?
РӮЗА الصوم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ Барои чи рӯза фарз гардид? Фоидаҳои рӯза чист? Аллоҳ таъоло фармуд; «Эй касоне, ки имон овардед, бар шумр рӯза доштанро фарз карда шуд, чуноне ки ба онҳое, ки пеш аз шумо буданд, фарз карда шуда буд, бошад ки парҳезгорӣ кунед». Бақара 183. Рӯза...
الصوم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ Барои чи рӯза фарз гардид? Фоидаҳои рӯза чист?
РӮЗА
الصوم
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Барои чи рӯза фарз гардид? Фоидаҳои рӯза чист?
Аллоҳ таъоло фармуд; «Эй касоне, ки имон овардед, бар шумр рӯза доштанро фарз карда шуд, чуноне ки ба онҳое, ки пеш аз шумо буданд, фарз карда шуда буд, бошад ки парҳезгорӣ кунед». Бақара 183.
Рӯза поксозии нафс аст. Рӯза сиҳатии қалб ва ҷисмро ҳифз мекунад. Лекин он бо шаҳавот боз мегардад. Пас рӯза инсонро аз шаҳавот боз медорад ва он бузургтарин кӯмакрасон ба парҳезгорӣ аст. Рӯза доштан ҷиҳоди нафс аст. Ва бар мо лозим аст, ки зидди хоҳишоти нафс бошем ва аз даст задан ба гуноҳ худдорӣ кунем.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд; «Ҳар савоби амали фарзанди Одам ба худаш аст, ҷуз рӯза, ки аз они ман аст. Ва ман худам подоши онро медиҳам. Рӯза сипаре дар баробари оташи дӯзах аст. Пас ҳаргоҳ яке аз шумо рӯзадор буд, набояд сухани баде бигӯяд ва ё бар касе фарёд занад. Ва агар касе ӯро дашном дод ё бо ӯ ҷанҷол кард, дар ҷавобаш бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам». Бухорӣ ва Муслим.
Дар вақти рӯза аз дурӯғ, ғайбат, такаббур ва суханчинӣ дур бошад, зеро ин амалҳо қабеҳ ва муҳаррам аст.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу гуфт; «Агар ту рӯза бидорӣ, пас гӯш ва чашмат низ рӯза доранд. Ва ҳам забонат аз дурӯғ ба гуноҳ боз истад. Ва набояд рӯзҳо рӯзадорият ба рӯзҳо рӯза надоштаат баробар бошад». Ривояти Ибни Абушайба.
Рӯза доштан ром кардани нафс ба корҳои хайру нек аст, ба мисли садақа додан, намоз хондан ва тиловати Қуръон кардан ва ғайра аз тоъатҳо.
Дар рӯзадорӣ зоҳидӣ дар дунё ва рағбат ба охират аст. Ва дар ҷаннат ба рӯзадорон гуфта мешавад; «Ба онҳо гуфта шавад: Гуворо бихӯред ва биошомед, ба сабаби он чи дар рӯзҳои гузашта пеш фиристода будед". Ҳоққа 24.
File | Action |
---|---|
РУЗА | Download |

الصوم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ Барои чи рӯза фарз гардид? Фоидаҳои рӯза чист?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device