
ТАЯММУМ ـ ТАЯММУМ التيمم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ
ТАЯММУМ التيمم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ Ҳар шахсе, ки дар вақти сафар ва ё муқим буданаш барои таҳорат кардан обе пайдо накард, пас чи кор кунад? Таяммум: Бо хоки пок молидани рўй ва ду даст аст, ки он бар ивази таҳорат ва ғусл мебошад. Ва сабаби таяммум кардан набудани об...
ТАЯММУМ ـ ТАЯММУМ التيمم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ
ТАЯММУМ
التيمم
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Ҳар шахсе, ки дар вақти сафар ва ё муқим буданаш барои таҳорат кардан обе пайдо накард, пас чи кор кунад?
Таяммум: Бо хоки пок молидани рўй ва ду даст аст, ки он бар ивази таҳорат ва ғусл мебошад.
Ва сабаби таяммум кардан набудани об ва ё қудрати истифодаи онро надоштан аст, агарчанде он мавҷуд бошад.
Хоки пок: Хоки рӯйи замин аст, ки он аз гил бошад ва ё лой, пас истифодаи он ҷоиз аст.
Таяммум кардан барои шахси бемор ҷоиз аст, дар ҳоле ки дар ҳақиқат ӯ бемор бошад ва бемориаш зиёд гардад ва ё табобати ӯ ба таъхир афтад. Ва бемории ӯ аз тарафи табиби мусалмони одил муайян карда шуда бошад ва ҳам бемор аз ҳаракат монда бошад, ва касеро пайдо нашавад, ки ӯро ёрӣ диҳад. Ва инчунин ҳар касе, ки аз ҳалок шудан ва ё пайдо шудани беморӣ ва зиёд гардидани он баъди истифодаи об аз хунукии сахт битарсад. Модоме, ки барои гарм кардани об чизе пайдо накунад.
Инчунин барои ҳар касе, ки гумон мекунад дар оянда ба об эҳтиёҷ дорад ва худ ва ҳайвоне, ки дар наздаш эҳтиром дорад ташна мемонанд. Ташнагие, ки ба марг ва ё ба зарари ҷиддӣ оварда мерасонад.
Ва таяммум кардан ба мусофир ва муқим ҷоиз аст.
Тарзи таяммум кардан: Як зарба зада ба рӯй ва даст масҳ кашидан аст. Ҳамчуноне, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Чунин амал барои ту кифоя аст». Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳарду кафи дасташонро болои хок ба замин як зарба заданд ва кафи дастонашонро пуф карда, сипас ба рӯй ва ду дасташон масҳ кашиданд».
Ҳар чизе, ки таҳорат ва ғуслро мешиканад, таяммумро ҳам мешиканад, зеро таяммум бар ивази онҳост.
Дар дохили намоз дидани об таяммумро мешиканад, вале агар обро пас аз анҷоми намоз бинад, намозаш дуруст аст ва онро аз сари нав намехонад.
Ва инчунин барои ҳар беморе, ки барои истифодаи об тавоноӣ ва қудрат пайдо кард, ба ӯ ҷоиз нест, ки таяммум бикунад.
Ва ҳар коре, ки иҷрои он бо таҳорат ва ғусл дуруст аст, пас бо таяммум низ дуруст аст. Ва ҳар шахсе, ки таяммум кардааст, чанд ракате, ки аз намози фарзӣ ва нафлӣ мехоҳад, онро адо намояд.
File | Action |
---|---|
ТАЯММУМ | Download |

ТАЯММУМ ـ ТАЯММУМ التيمم اللغة الطاجيكية Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device